фарҳанг

 

 

Рӯдакӣ ва фарҳангнигории тоҷик

Рӯдакӣ ва фарҳангнигории тоҷик

Фарҳангнигорӣ дар таърихи забони тоҷикӣ собиқаи дерина  ва намунаҳои барҷаста дорад. Фарҳангу луғатномаҳои фаровон, ки луғатшиносон ва фарҳангнигорони машҳур дар  давраҳои гуногун таҳия ва таълиф кардаанд, ганҷинаи бебаҳои вожагони забони тоҷикӣ маҳсуб гардида, то имрӯз қолаб ва шаклу гунаҳои мухталифи калимасозӣ ва истилоҳофаринии забон аз рӯи онҳо омӯхта мешавад. Дар ин фарҳанг ва луғатҳои гуногунҳадаф муаллифон тағйироту таҳаввулоти бахши вожагони забон ва калимаҳои навсохту тозаэҷоди замони худро бо шарҳу тафсир сабт карда, барои нигаҳдошту  такмил ба ояндагон мерос мондаанд.
Фарҳангнигорӣ ё фарҳангшиносӣ як риштаи басо муҳими забоншиносии тоҷик буда, таҳлил ва баррасии онҳо яке аз василаҳои асосии пажӯҳиш ва таҳқиқи бахши вожагони забон мебошад. Ҳадафи асосии чунин таҳқиқот таҳияи феҳристи мукаммали  фарҳангҳои форсиву тоҷикӣ, тартиб  додани маҷмӯи умумии баргаҳои хаттӣ ва компютерии вожагон ва таркибҳои дар ин фарҳангҳо сабтшуда, баррасии илмии усулҳои фарҳангнависӣ, таҳия ва нашри матни интиқодии фарҳангҳои пешин, бунёди як маркази умумии таҳқиқи муқоисавии фарҳангҳо ва ниҳоят дар асоси ин фарҳангҳо таҳия намудани як  фарҳанги мукаммали вожагони тамоми минтақаҳои интишори забон мебошад. Муҳаққиқони забоншинос таърихи фарҳангнигории форсиву тоҷикиро ба таври шартӣ ба марҳилаҳои пешазисломӣ ва баъдазисломӣ ҷудо менамоянд. Аз давраи пешазисломии фарҳангнигории тоҷик ба ғайр аз чанд намуна аз фарҳангҳои тафсириву дузабона ва сезабона дигар осоре ба дасти мо нарасидааст, то дар асоси онҳо оид ба  сатҳи фарҳангнигорӣ дар як давраи тақрибан якуним ҳазорсолаи  таърихи забон ба таври муфассал қазоват намоем.
Замони авҷу густариши фарҳангнигорӣ ба давраи навини таърихи забон, ки бо номи форсии нав ё форсии  дарӣ машҳур аст, рост меояд ва дар таҳияи ин фарҳангҳо аз осори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба таври фаровон истифода шудааст. Одамушшуаро бо эҷоди ашъори ҷаҳонгираш таъсири амиқе ба забон ва адабиёти давраҳои баъдӣ гузошт. Нақш ва мақоми ӯ дар рушду камоли забони модарӣ ва бунёду поягузории адабиёти ҷаҳонгири форсу тоҷик бемислу беназир аст, ки ин нуктаро тамоми маъхазҳо ва сарчашмаҳои адабӣ таъкид кардаанд. Манбаъҳои адабӣ осори ӯро хеле зиёд нишон додаанд, вале аз ин осор ба дасти мо то ба имрӯз дар ҳудуди 1050 байт расидааст. Ҳамин осори боқимонда собит месозад, ки ӯ сарояндаи ахлоқи неки инсонӣ, тарғибгари илму дониш ва вассофи меҳанпарастиву  одамдӯстӣ будааст. Дар шеърҳои ӯ мо намунаи аксарияти навъҳои адабиро мебинем. Содагӣ ва зебоии сухану забон, камистеъмол будани вожаҳо ва калимаҳои арабӣ ва истифодаи калимаҳои ноби тоҷикӣ хоси услуб ва сабке мебошад, ки имрӯз бо номи сабки Рӯдакӣ машҳур аст.
Нақши Рӯдакӣ дар рушду такомули забони порсии дарӣ хеле бузург аст. ӯ ва муосирони  суханвараш забонро ба ҳадде сайқал доданд, ки то имрӯз идома пайдо карда, хеле кам тағйир ёфтааст. Ба иборати дигар маҳз осори безаволи Рӯдакиву Фирдавсӣ ва ҳамасрони онҳо боиси мондагории  забони форсӣ - тоҷикӣ дар тӯли беш аз ҳазор сол шудааст. Ашъори Рӯдакӣ аз ҳамон давраи оғози ташаккули шеъри тоҷикӣ таваҷҷӯҳи фарҳангнигорон ва луғатнависонро ба худ ҷалб кардааст. Дар фарҳанги «Луғати Фурс», ки аввалин фарҳанги тафсирии забони тоҷикии ба дасти мо расида ва маҳфузмонда аст, намунаҳо аз ашъори Рӯдакӣ бо тафсири вожаҳо хеле зиёд вомехӯрад. Ин фарҳанг аз тарафи Абӯмансур Алӣ ибни Аҳмади Асадии Тӯсӣ дар соли 1085-и мелодӣ таълиф шудааст. Аҳамияти ин луғат дар он аст, ки вожаҳо ва таркибҳои забонро бо намунаи шеърҳои зиёда аз 100 нафар шоирони Мовароуннаҳр ва Хуросони шарқӣ дар қарни X- аввали қарни XI фаро гирифтааст. Ин фарҳанг аз ҷиҳати сохт ва таркиби луғавӣ ба фарҳангҳои баъдии тафсирии забони тоҷикӣ таъсири зиёде расондааст. Дар он аз ашъори Рӯдакӣ калимаҳое  монанди сипор, хошок бо намунаҳои шеърӣ дода шудааст. Дар фарҳангнигории солҳои ахири тоҷикӣ метавон аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (соли чопаш 1969, дар 2 ҷилд) мисол овард, ки дар он намунаҳои ашъори Рӯдакӣ зиёд дида мешавад. Барои мисол мо аз ин фарҳанг чанд  намуна меорем:
Зер - садои маҳин, садои нозук; пардае аз мусиқӣ; муқобили бам.
Соқӣ гузину бодаву май хӯр ба бонги зер,
К- аз кишт сор ноладу аз боғ андалеб.
(ФЗТ, ҷ 1, с. 448)
Зобғур // зобғур - пурбод кардани даҳон ва лунҷро бо даст задан, то ки бод берун барояд, ҷиртак.
Ман кунам пеши ту даҳон пурбод,
То  занӣ бар лабам ту зобғуре.
(ФЗТ, ҷ 1, с. 454)
Бояд гуфт, ки дар «Фарҳанги бузурги сухан» ҳам ба ҳамин маънӣ дар шакли зобгар омадааст: «Зобгар, зобғур -  зарбае, ки ба даҳони пурбод мезананд, то бод бо садо аз он хориҷ  шавад.» (ФБС, ҷ. 5, с. 3797) 
Зомаҳрон // зомҳаром - тиб. доруи зидди заҳр, подзаҳр.
Назди он шоҳи замин кардаш паём,
Доруе фармой зомаҳрон ба ном.
(ФЗТ, ҷ 1, с. 456)
Хулоса, дар таърихи фарҳангнигории тоҷик ва махсусан дар фарҳангҳои тафсирӣ мо луғате пайдо карда наметавонем, ки муаллифони онҳо аз осори гаронбаҳои устод Рӯдакӣ барои вожаву калимаҳои фарҳангҳои хеш шоҳиду намуна наоварда бошанд. Сайри мухтасар ба мундариҷаи фарҳангҳои тафсирӣ ин гуфтаҳоро собит месозад. Тавре ки маълум аст, аз асри XI сар карда ба забони форсӣ -тоҷикӣ қомусҳои сершуморе, аз қабили «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ, «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»- и Ҳусайни Инҷу, «Баҳори Аҷам» - и Рой Текчанди Баҳор, «Фарҳангнома»-и Ҳусайни Вафоӣ, «Фарҳанги Рашидӣ» - и Абдуррашиди Тоттавӣ, «Ғиёс-ул-луғот- и Муҳаммади Ғиёсуддин, «Чароғи ҳидоят»-и Алихони Орзу, «Бурҳони қотеъ», «Шамс-ул –луғот» ва даҳҳо луғатномаҳои дигар таҳия ва  тадвин шудааст. Устод Саид Нафисӣ дар мақолаи «Феҳристи фарҳангҳои форсӣ» 202 луғатро номбар кардааст, ки қисме аз онҳо то ба имрӯз нарасидааст. Дар «Луғатнома»-и Деҳхудо шумораи онҳо 250 китоб нишон дода шудааст.  
Муҳаққиқон ин давраро ба таври куллӣ ба ду марҳила – марҳилаи фарҳангнигории минтақаи Хуросон (асрҳои X- XV) ва давраи луғатсозӣ дар сарзамини Ҳиндустон (садаҳои XVI- XIX) ҷудо кардаанд. Ба ин даврабандӣ бояд як марҳилаи дигар - марҳилаи фарҳангнигории замони муосир (асрҳои XX-XXI) низ илова карда шавад, зеро дар ин марҳила дар таҳияи фарҳангҳои форсиву тоҷикӣ, дар ҳақиқат, инқилобе рух дод  ва махсусан таҷрибаи фарҳангнигорӣ дар Эрону Тоҷикистон бояд мавриди баррасиҳои амиқи илмӣ қарор  гирад.    
Қадимтарин луғати тафсирӣ, ки то замони мо маҳфуз мондааст, «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ (асри XI) мебошад. «Луғати фурс» тафсири калимаҳои нодиреро, ки дар осори шоирони Осиёи Миёна ва қисми шарқии Хуросони асри X ва ибтидои асри XI  вомехӯранд, фаро мегирад. Ин калимаҳо бо  намунаҳо аз ашъори Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ ва дигарон оварда шудаанд. Дар фарҳангҳои баъдина аз осори Хоқонӣ, Низомӣ, Саъдӣ ва дигарон низ шоҳид оварда шудааст. Ба ин тариқ, фарҳангҳо тадриҷан  ташаккулу такомул ёфта, забони тоҷикии форсиро дар тамоми қаламрави интишори ин забон  дар бар гирифтаанд. Метавон гуфт, ки фарҳангҳои то асри XV таълифшуда дар минтақаи Осиёи Миёна ва Хуросону Эрон идомаи мантиқии ҳамин «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ мебошад.     
Дар асри XV  ва махсусан дар асри XVI баъд аз барқарории давлати темуриёни Ҳинд ва ба мақоми давлатӣ расидани забони тоҷикии форсӣ дар  Ҳиндустон фарҳангнигорӣ равнақи тоза ёфт ва ин сарзамин маркази илми фарҳангнигорӣ ва фарҳангнависии тоҷикӣ  гардид. Дар асрҳои XV–XVII дар Ҳиндустон фарҳангҳои машҳуре мисли «Шарафномаи Мунярӣ»-и Иброҳими Форуқӣ (асри XV), «Тӯҳфатуссаодат»-и Зиёуддини Муҳаммад (асри XVI), «Муаййидулфузало»-и Муҳаммад ибни Лоди Деҳлавӣ (1519), «Мадорулфазоил»-и Файзӣ (1593), «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»-и Ҳусайни Инҷу (1608), «Бурҳони  қотеъ»-и Муҳаммадҳусайн ибни Халафи Табрезӣ (1652), «Фарҳанги Рашидӣ»-и Абдуррашид ат-Татавӣ (1654) ва дигарон таълиф ёфтаанд. Дар садаҳои XVIII- XIX  дар минтақаҳои форсизабон фарҳангу луғатномаҳои зиёде таҳия мешаванд, ки намоёнтарину муҳимтарини онҳо «Баҳори Аҷам»-и Рой Текчанди Баҳор (1739), «Сироҷуллуғот» ва «Чароғи ҳидоят»-и Сироҷиддин Алихони Орзу (миёнаҳои асри XVIII), «Ҳафт қулзум»-и Ғозиуддин Ҳайдар (1818), «Ғиёсуллуғот»-и  Муҳаммад Ғиёсиддин (1827), «Фарҳанги Онандроҷ»-и Муҳаммади Подшоҳ (1888)мебошанд.
Ошноии эрониён бо фарҳангу дастовардҳои илмӣ ва фарҳангу тамаддуни  аврупоиён ва нуфузи сиёсию иҷтимоии ҷаҳони Ғарб дар фарҳангнигории анъанавии эрониёни садаи ХХ низ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуҷуд овард. Вуруди ҳазорон мафҳум ва луғату истилоҳоти нав, аз забонҳои пешрафтаи дунё дар ҳаёти иҷтимою сиёсӣ ва зиндагии рӯзмарраи мардуми Эрон аз соҳибони забони форсии муосир тақозо мекард, ки барои онҳо муодил (баробарӣ) пайдо кунанд ва ё дар луғатномаҳое онҳоро ҷамъ оварда ба мардум тақдим намоянд.
Бинобар ин дар луғатсозӣ низ марҳилаи нав оғоз шуд ва чандин фарҳангномаҳои мӯътабар таҳия ва тадвин гардид, ки        «Луғатнома»-и Алиакбари Деҳхудо, «Фарҳанги Амид», Фарҳанги Нафисӣ ва ё «Фарнудсор»-и Алиакбари Нафисӣ, «Фарҳанги форсӣ» - и Муҳаммади Муин, «Фарҳанги бузурги сухан» намунае аз онҳо мебошанд. Фарҳангҳои тафсирии забони тоҷикӣ дар замони шӯравӣ нисбат ба луғатҳои дузабонаи русӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-русӣ таърих ва умри кӯтоҳтаре доранд. «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» ва «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар ду ҷилд аст, ки 45000 вожа ва таркиботро дар бар мегирад, намунае аз фарҳангҳои тафсирии забони тоҷикӣ дар садаи XX мебошад.
Имрӯз аз чопи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» қариб ним аср мегузарад. Дар тӯли ин муддат дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон рӯйдодҳои басо муҳим ва дигаргуниҳои бисёр амиқ ба вуқӯъ пайваст. Махсусан,  пас аз эълони истиқлолият ва давлатӣ шудани забони тоҷикӣ дар бахши вожагону истилоҳоти он тағйироти зиёде ба вуҷуд омад. Ин таҳаввулот ва ин ҳама истилоҳоту наввожагон дар таркиби захираи луғавии забон бояд ҷойгоҳи худро пайдо кунад. Ифодаи забонии падидаҳои иҷтимоии даврони муосир  дар ягон фарҳанги дигар сабту танзим нагардидааст. Яке аз сабабҳои нобасомониҳои забон ва худсариҳо дар истифодаи забони ду-се даҳсолаи охир низ  ҳамин омил аст.
Аз  ин  рӯ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ 21 июли соли 2007, соли 2008-ро «Соли забони тоҷикӣ» эълон намуда, такмил, таҷдиди назар ва нашри дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ»-ро таъкид сохт: «…Бигзор ин фарҳанги ҷомеъ ҳамчун мероси азизи гузаштагони мо дастраси ҳар хонадони тоҷик ва китоби рӯимизии ҳар фарди бонангу номуси миллат бошад». Ин масъала бори дигар ҳангоми мулоқот бо зиёиёни кишвар дар соли 2008 аз тарафи Сарвари давлат таъкид гардид: «Маҳз бо эҳтиром ва нияти ҳаматарафа омӯхтани забони модариамон ман соли гузашта супориш дода будам, ки то моҳи сентябри соли равон нашри фарҳанги  мукаммали дуҷилдаи забони тоҷикӣ таъмин карда шавад. Умед аст, ки ин қомуси гаронбаҳо дар ояндаи наздик интишор ёфта, китоби рӯимизии ҳар шахси фарҳангпараст ва миллатдӯст мешавад».  Ин фарҳанг истифодаи мафҳуму истилоҳотро дар соҳаҳои гуногун ба танзим дароварда, ба маъхази муҳимми дарёфти вожаҳо ва шарҳу дарки падидаҳои навин мубаддал хоҳад гашт. Ҳамзамон маводи фарҳанги мазкур чун меъёр ва намунаи сухан ва гуфтори саҳеҳу сара мавриди истифода қарор гирифта метавонад.          
Бори аввал аст, ки «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (120 ҷузъи чопӣ, 2 ҷилд) бо фарогирии беш аз 80 ҳазор калимаву ибора ва  истилоҳоти тамоми давраҳои рушду такомули забони тоҷикӣ мураттаб ва нашр шуд, ки талаботи намояндагони тамоми гурӯҳҳои касбиву ҳирфавӣ ва табақаҳои мухталифи ҷамъиятро қонеъ мегардонад. 
Хулоса, дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Соли забони тоҷикӣ ва 1150-солагии устод Рӯдакӣ ба чоп расидани “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” намунаи рушду нумӯи илму фарҳанги тоҷик ва дар амал пиёда шудани сиёсати хирадмандонаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти  кишвар  ва Сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Сайфиддин НАЗАРЗОДА, 
директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии
Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, доктори илми филология

 

 

 

 

 

 

| вернуться на главную страницу |

 

Вы можете связаться с нами посредством электронной почты : tajikpress@gmail.com